Ахбори фишурда

Бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки 159 нафар мушоҳидони байналмилалӣ дар назар аст, ки аксари онҳо аллакай фаъолияти худро дар ин самт оғоз намудаанд.

Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари ҳайати мушоҳидонро аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бурутин Сергей Германович  ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷониби мушоҳидон аз омодагии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарзи ташкили кор изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусаломов Мирзо-Улуғбек Илчиевичро ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мушоҳидон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ташкили раванди интихобот, чораҳои андешидашудаи беҳдоштӣ дар ҳавза ва участкаҳои интихобот баҳои баланд дода, дар баргузории ин маъракаи муҳимми сиёсӣ муваффақият орзу намуданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имрӯз инчунин ҳайати мушоҳидонро аз Иттиҳоди байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари ҳайати мушоҳидон Мелниченко Олег Владимирович раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳангоми мулоқот иброз доштанд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи дарпешистода омодагии ҷиддӣ дидааст. Вобаста ба омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ низ изҳори қаноатмандӣ намуданд.  Дар мулоқот Кобитский Дмитрий Аркадьевич –  Котиби Генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, роҳбари котиботи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок доштанд.

Ҳамзамон, мулоқоти Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидон аз Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар рафти он оид ба масъалаҳои омодагӣ ба интихобот ва дигар мавзуъҳои вобаста ба он табодули назар карда шуд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имрӯз инчунин ҳайати мушоҳидонро аз Комиссияи мустақили интихоботии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мушоҳидони афғон дар бораи тартиби ташкили раванди интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасаввуроташон оид ба омодагӣ ба он ибрози ақида намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед