Тартиб ва карори баррасии арзу шикоятхо
Дар бораи тасдиқи Тартиби баррасии арзу шикоятҳо
аз ҷониби комиссияҳои интихобот оид ба интихоботи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12, 19 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии арзу шикоятҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶумҳурииТоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Ҳамин Тартиб барои иҷро ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш.Душанбе, «14» июли соли 2020, №91
Бо қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 июли соли 2020, № 91
тасдиқ карда шудааст
Тартиби
баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихобот
оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тартиб) мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шудааст.
- Фаъолияти комиссияҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – комиссияҳои интихобот) вобаста ба баррасии арзу шикоятҳо аз рӯи принсипҳои қонуният, шаффофият ва беѓаразӣ ба роҳ монда мешавад.
- Аъзои комиссияҳои интихобот ҳангоми баррасии арзу шикоятҳо бояд мустақилона бо салоҳияти касбӣ ва холисона муносибат намоянд.
- Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ваколати комиссияҳои интихобот баррасии арзу шикоятҳо вобаста ба масъалаҳои ташкил, тайёрӣ ва баргузории интихобот дохил мегарданд.
- ПЕШНИҲОДИ АРЗУ ШИКОЯТҲО
- Арзу шикоятро ба комиссияҳои дахлдори интихобот субъектони зерини раванди интихобот пешниҳод карда метавонанд:
– шаҳрванд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда;
– ҳизбҳои сиёсӣ (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сосиал – Демократи Тоҷикистон), ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияашон аз рӯи оинномаи онҳо, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд (минбаъд – субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд), вобаста ба қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рад кардани бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони пешбаринамудаи онҳо; оид ба рад кардани бақайдгирии мушоҳидони миллӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот; дар хусуси қарор ва амали (беамалии) комиссияҳои интихобот;
– номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси рад кардани бақайдгирии шахсони боэътимод ва қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот;
– мушоҳидони миллӣ дар хусуси қарор ва амали (беамалии) комиссияи участкавии интихобот дар рӯзи интихобот;
– прокурор тибқи муқаррароти моддаи 259 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар чунин шуморад, ки ҳангоми интихобот ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон вайрон карда шудааст, метавонад бо ариза ба суд муроҷиат намояд.
- Арзу шикоятҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва мушоҳидони миллӣ шахсан пешниҳод карда мешаванд. Ариза ё шикоятро аз номи субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, роҳбари ҳизб ё мақомот ва ё шахсе имзо мекунад, ки ба ӯ аз номи ҳизб ва ё мақомоти зикршуда ваколат дода шудааст.
- Арзу шикоят дар шакли хаттӣ пешниҳод мегардад.
- Арзу шикоятҳои воридшударо комиссияҳои дахлдори интихобот бо нишон додани вақт ва сана қабул карда, дар Дафтари бақайдгирии арзу шикоятҳо сабт менамоянд (замима мегардад).
III. БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТ
- Дар баррасии арзу шикоятҳо дар комиссияҳои интихобот ба сифати тарафҳо инҳо иштирок карда метавонанд:
– шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихобот дошта;
– субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд;
– номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– шахси боэътимоди номзад, агар дар ин бора аз ҷониби номзад ба таври дахлдор ваколатдор гардида бошад;
– мушоҳидони миллӣ;
– комиссияи интихоботе, ки нисбат ба амал (беамалӣ) ё қарори он арзу шикоят оварда шудааст.
- Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд.
- Комиссияи участкавии интихобот аризаро дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда баррасӣ мекунад ва вазифадор аст, онро дар давоми на дертар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ – фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ дохил кунад ё ба аризадиҳанда фавран нусхаи қарори асоснокро дар хусуси рад карда шудани аризааш супорад.
- Аз хусуси қарори комиссияи участкавии интихобот дар бораи рад кардани ариза бо тартиби муқарраршуда ба комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ё Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ё суди маҳалли ҷойгиршавии участкаи интихобот шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот бошад фавран баррасӣ мегардад ва қарори суд қатъӣ мебошад. Дар сурати қонеъ намудани ариза ё шикоят оид ба зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.
- Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амал (беамалии) комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад.
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ арзу шикоятҳоро аз хусуси қарор ва амали (беамалии) комиссияҳои поёнии интихобот баррасӣ менамояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад.
- Нисбати қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми 3 рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, фаврӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
- Масъалаи рад кардани бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. Нисбат ба ин қарор субъектоне, ки ҳуқуқи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарии номзадро доранд, дар асоси муқаррароти сархати дуюми банди 5 ҳамин Тартиб, метавонанд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд. Шикоят оид ба рад кардани бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш рӯз баррасӣ мегардад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.
- Интихобот умуман ё аз рӯи ҳавзаҳои алоҳида ё участкаҳои алоҳида аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайронкуниҳо, ки ба натиҷаи интихобот таъсир расонидааст, дар асоси шикояти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шуда метавонад. Қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 рӯзи баъди қабул шуданаш шикоят кардан мумкин аст.
- Баъди пешакӣ омӯхтани ариза ё шикояти пешниҳодшуда раиси комиссияи интихобот онро ба яке аз аъзои ҳамин комиссия барои омӯзиш ва таҳия кардани лоиҳаи қарор месупорад.
- Раиси комиссияи дахлдори интихобот якҷоя бо узви комиссияе, ки ба ӯ ариза ё шикоят барои баррасӣ супорида шудааст, масъалаи ба рӯзномаи ҷаласаи оянда дохил кардани баррасии лоиҳаи қарорро бо назардошти муҳлатҳои баррасии он ҳал менамояд.
- Узви комиссияи интихобот, ки ба ӯ ариза ё шикоят барои баррасӣ супорида шудааст, онро тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида месанҷад.
- Сабтҳои аудио/видео, расмҳо, ҳуҷҷатҳо, навиштаҳо, гувоҳии хаттии шоҳидон ҳангоми баррасии арзу шикоят ҳамчун далел пешниҳод шуда метавонанд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд ба мавзӯи арзу шикоят мансуб бошанд, дар акси ҳол ба инобат гирифта намешаванд.
- Агар дар марҳилаи санҷиш муқаррар карда шавад, ки баррасии арзу шикоят ба салоҳияти комиссияи интихоботе, ки ба он ариза ё шикоят ворид шудааст, дахл надорад, дар ин маврид ариза ё шикоят ва маводи ба онҳо замимагардида фавран аз рӯзи ворид шуданаш барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристода мешавад.
- Ҷаласаи комиссияҳои интихобот, ки дар онҳо лоиҳаҳои қарорҳо аз рӯи арзу шикоятҳо баррасӣ мегарданд, ошкоро баргузор шуда, дар сурате босалоҳият шуморида мешаванд, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад.
- Комиссияи интихоботӣ ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад, ки онҳо бояд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар муҳлати на дертар аз 3 рӯз ба комиссияи интихоботӣ ҷавоб диҳанд.
- Узви дахлдори комиссияи интихоботе, ки ба ӯ ариза ё шикоят барои баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи қарор супорида шудааст, тарафҳоеро, ки амал (беамалӣ) ё қарорҳои онҳо мавриди шикоят қарор гирифтаанд, дар бораи ариза ё шикояти воридшуда бояд огоҳ кунад. Ӯ инчунин мазмуни ариза ё шикоятро ба онҳо шарҳ медиҳад ва дар мавриди зарурӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин нусхаи шикоятро (бо почта, факс ва почтаи электронӣ) мефиристад.
- Узви комиссияи интихобот, ки ба ӯ ариза ё шикоят барои баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи қарор супорида шудааст, бояд тарафҳои арзу шикоятро дар бораи вақт ва ҷойи баргузории ҷаласа, ки дар он ариза ё шикояти мазкур баррасӣ мешавад, огоҳ намояд (бо телефон, факс, почтаи электронӣ ё дигар воситаҳои электронии алоқа).
- Узви комиссия, ки нисбат ба амали (беамалии) ӯ ариза ё шикоят оварда шудааст, ҳуқуқ дорад мавқеи худро (норозигии худро) баён кунад ва вобаста ба ваҷҳҳое, ки дар ариза ё шикоят омадаанд, далел пешниҳод намояд. Аризаи норозигӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шуда, якҷоя бо ҳуҷҷатҳо ба комиссияи интихоботии дахлдор, ки ба он ариза ё шикоят ворид шудааст, бояд як рӯз пеш аз ҷаласа пешниҳод карда шавад. Норозигии шифоҳӣ метавонад дар рӯзи баррасии шикоят баён карда шавад.
- Ба ҷаласа ҳозир нашудани тарафҳо, ки аз рӯзи баргузории ҷаласа ба таври дахлдор огоҳ карда шудаанд, барои моҳиятан баррасӣ кардани шикоят ва қабули қарор аз рӯи он монеа шуда наметавонад.
- Ҳангоми таҳияи матни лоиҳаи қарор аз рӯи ариза ё шикоят узви комиссияҳои интихобот бояд тартиби зеринро ба роҳбарӣ гиранд:
а) сарлавҳа;
б) қисми муқаддимавӣ;
в) қисми тафсилӣ (ваҷҳҳои баёнкардаи аризадиҳанда ва мутаносибан мавқеи тарафе, ки нисбат ба амал ва ё қарори қабулкардаи ӯ шикоят пешниҳод шудааст);
г) қисми асосноккунӣ (фактҳое, ки комиссияи интихобот дар асоси далелҳои замимашуда муқаррар кардааст, асоси қонуние, ки комиссияи интихобот онро ба роҳбарӣ гирифтааст);
д) қисми хотимавӣ (хулосаи комиссияи интихобот дар бораи пурра ё қисман қонеъ гардонидани ариза ё шикоят ва ё рад кардани ариза ё шикоят).
- Баррасии ариза ё шикоят дар ҷараёни ҷаласаи комиссияи интихобот дар ҳолати ҳозир будани тарафҳо аз сухан додан ба тарафҳо барои баёни мавқеи худ ва овардани далелҳо аз тарафи ҳам аризадиҳанда ва ҳам ҷонибе, ки нисбат ба амал (беамалӣ) ва қарори ӯ шикоят пешниҳод шудааст, оѓоз мешавад. Пас аз ин суханронии маърӯзачӣ шунида мешавад, ки ӯ доир ба натиҷаи санҷиши ваҷҳҳои ариза ё шикоят, далелҳо ва ҳолатҳои дигаре, ки барои баррасии ин масъала аҳамият доранд, маълумот медиҳад. Ба маърӯзачӣ вобаста ба ҳолатҳои баррасии ариза ё шикоят, инчунин ба тарафҳои иштирокчии баррасии ариза ё шикоят мумкин аст саволҳо дода шаванд.
- Дар мавриди ба ҷаласа ҳозир нашудани тарафҳо баррасии шикоят аз хондани он аз тарафи маърӯзачӣ оѓоз гардида, маводҳои дар парванда ҷойдошта эълон карда шуда, дар асоси онҳо қарор қабул мегардад.
- Дар рафти муҳокимаи арзу шикоят комиссияи интихобот ҳуқуқ дорад, ки дар мавриди пайдо шудани ҳолатҳои нав ва ё замима гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки санҷиши иловагиро талаб мекунанд, муҳокимаи онро ба вақти дигар мавқуф гузорад.
- Қарор аз рӯи ариза ё шикоят бо аксарияти овози аъзои комиссияи интихобот тибқи муқаррароти ҳамин Тартиб қабул карда мешавад.
- Аз рӯи натиҷаи баррасии ариза ё шикоят комиссияи интихобот яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
а) дар бораи пурра қонеъ гардонидани ариза ё шикоят;
б) дар бораи қисман қонеъ гардонидани ариза ё шикоят;
в) дар бораи рад кардани ариза ё шикоят бинобар беасос будан, ҷой надоштани далелҳои боэътимод ё риоя нашудани муҳлатҳои пешниҳоди арзу шикоят.
- Дар мавриди шикоят овардан нисбат ба қарори комиссияҳои интихоботии поёнӣ комиссияи интихоботии болоӣ ҳуқуқ дорад:
а) қонеъ гардонидани шикоятро рад намояд ва қарори комиссияи интихоботии поёниро бетаѓйир монад;
б) шикоятро қонеъ гардонда, қарори комиссияи интихоботии поёниро бекор намояд;
в) ариза ё шикоятро қисман қонеъ намояд.
- Доир ба рафти ҷаласаи комиссияи интихоботе, ки ариза ё шикоятро баррасӣ кардааст, протоколи ҷаласа тартиб дода мешавад. Дар протоколи ҷаласа ҳолатҳои зерин, ки барои баррасии арзу шикоят муҳиманд, сабт меёбанд:
– моҳияти ариза ё шикояти воридшуда;
– далелҳои аризадиҳанда;
– ҳолатҳои кор;
– сабти мавқеъ ва ё аризаи тарафҳо.
- Қарорро раисикунанда ва котиби ҷаласа имзо менамоянд.
- Қарори қабулгардида ба тарафҳо ирсол карда мешавад.
- Комиссияи дахлдори интихобот иҷрои қарори қабулгардидаро назорат менамояд.