Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

карори дастуамали пешбари

Дар бораи тасдиқи Дастурамал оид ба пешбарӣ ва

бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

 

Мувофиқи моддаҳои 12, 24 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, ҳуқуқҳои субъектҳое, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ мекунанд ва ташкили шароити баробар ҷиҳати бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дастурамал оид ба пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Н. Самадзода

ш. Душанбе, 19 июни соли 2020, №88

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед