Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

карори чамъоварии имзохо

Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар намудани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо

 

Мувофиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар намудани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Тартиби ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Муқаррар гардад, ки муҳлати ҷамъоварии имзоҳо бевосита пас аз эълон гардидани рўзи интихобот оѓоз гардида, 30 рўз то интихобот ба анҷом расонида шавад.

 

 

 

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Н. Самадзода

ш. Душанбе, 19 июни соли 2020, №89

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Матни аз тасвири дар поён бударо, ворид кунед